Шаъну шони мо парчам аст!

Бинанда: 808 | Санаи нашр: 24 Ноябр 2021

Санаи 23-юми ноябри соли ҷорӣ дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳайати: раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, директори Муассисаи давлатии раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева ва Чемпиони ҷаҳон дар соли 2021 оид ба самбо Акмалиддин Каримов бо муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, мактабҳои варзишии шаҳр, мураббиёну варзишгарони шинохтаи ҷумҳурӣ, гирандагони Стипендияи президентӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доир гардид.

Нухуст зери қарсакҳои пурмавҷи ҳозирин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди толор карда шуд ва Суруди миллии ҷумҳурӣ садо дод.

Сипас вохӯриро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хушомадед гуфт ва эшонро ба аҳли толор муаррифӣ намуда, бо камоли эҳтиром суханро ба Маликшо Неъматзода во гузошт.

Мавсуф дар бораи Парчами давлатӣ, қадру қимат ва эҳтирому арҷгузорӣ ба он суханронӣ карда, аз ҷумла қайд намуд, ки миллати тоҷик аз қадим парчамбардор буд ва парчамбардор мемонад.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ кишвари мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Боиси хурсандист, ки Ватани азизамон – Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаву дурандешонаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 30 сол роҳи садсоларо тай намуд. Маҳз, ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат, ваҳдату ягонагӣ ва сарҷамъии миллат буд, ки Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла варзиш ба дастовардҳои беназир ноил гардида, обрӯву нуфузаш дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд гардид.

Ӯ боифтихор номҳои варзишгарон Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов, Расул Боқиев, Беҳрӯзи Хоҷазод ва боз чанде дигаронро, ки дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ғолиб омада, ба ифтихорашон Суруди миллӣ садо дода, Парчами кишварамон барафрохта шудааст, ба забон оварда, маҳорати баланди онҳоро мактаби хуби тарбия барои ҷавонону наврасон маънидод кард.

Маликшо Неъматзода аз саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахусус, дар рушди соҳаи варзиш, бунёди иншоотҳои варзишӣ ва қадршиносии варзишгарон ёдовар шуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат ва Раиси шаҳри Душанбе ҷаҳду талош намуда, пайваста илму ҳунар омӯзанд, ба варзиш, ки гарави саломатист, мунтазам машғул шаванд ва дар ободию шукуфоии кишварамон саҳми хешро гузоранд.

Ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева ва директори Муассисаи давлатии раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов дар суханронии худ доир ба  аҳаммияти Парчам, ифтихори ватану ватандорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ворид нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро ҳарф зада, машғул шудан ба варзишро омили муҳимми тарзи ҳаёти солим ва рушди соҳаи варзиш маънидод карданд. Нотиқон инчунин, доир намудани суҳбату вохӯриҳо бо ҷоизадорону мураббиён ва собиқадорони варзишро ба манфиати кор дониста, бо итминони комил қайд намуданд, ки насли ҷавони имрӯза анъанаҳои неки пешиниёнро идома дода, парчамбардори давлату миллати хеш мегарданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Саймаҳмуд Саидов аз номи раёсати донишгоҳ ба меҳмонон барои суҳбати озоду самимӣ ва судманд изҳори сипос намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top