Парчами мо – ифтихори мо!

Бинанда: 1166 | Санаи нашр: 23 Ноябр 2021

Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз (23.11.2021) дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Баъди хуш садо додани Суруди миллӣ ва ифтитоҳи ҷамъомад ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба таври муфассал дар бораи таърихи парчаму парчамдории тоҷикон, нақши парчам дар муаррифӣ ва эътироф шудани давлати соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёду демократӣ дар ҷаҳон, ва алалхусус, саҳми беназири Президенти маҳбуби кишварамон – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати қабули ин рамзи давлатӣ, яъне Парчам, таъмин ва таҳкими сулҳу субот дар мамлакат, ободиву шукуфоӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он суханронӣ намуд.

Баъдан ректори донишгоҳ дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор омӯзгорону кормандон барои саҳми арзандаашон дар пешрафти таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ рақобатпазир нишонҳои “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.

Барномаи фарҳангиву фароғатии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”-и донишгоҳ, ки қисми дуюми чорабиниро ташкил дода, аз композитсияи адабии “Садо аз Коваи оҳангар ояд”, сурудҳои ба васфи Парчам, Ватан, Истиқлолият ва рақсҳои ҷаззобу дилнишин, ки ба ҷамъомад ҳусну шукӯҳи тоза зам намуда, ба дилҳо шодиву сурур бахшиданд, анҷомбахши чорабинии дар сатҳи баланд гузаронидашуда буданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top