Таманниёти ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 784 | Санаи нашр: 23 Ноябр 2021

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Шурӯъ аз соли 2009 дар саросари кишвари маҳбубамон 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар робита ба ин, ҳамаи шуморо бо ин рӯзи хуҷаста самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадоми шумо тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осоишта ва сулҳу суботи ҳамешагиро орзу мекунам.

Парчам, ки яке аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб меёбад, ба сифати рамзи истиқлолият аз давраҳои дур то замони мо омада расида, он ҳамчун муқаддасоти давлат ва рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба арконҳои давлатдорӣ шинохта шудааст.

Мусаллам аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофару тамаддунсоз бо талошу фидокориҳои пайвастаи фарзандони баору номусаш аз дуриҳои таърих дорои парчам ва рамзи   ягонаи давлатдорӣ буданд. Доир ба парчаму парчамдории миллати тамаддунофари тоҷик, ки аз аҳди бостон сарчашма мегирад, дар куҳантарин осори хаттиамон маълумоти бештарро пайдо кардан мумкин аст. Олимону донишмандон ва таърихнигорони давр бар он назаранд, ки парчам ҳамчун рамзи ватандориву оини давлатдорӣ маҳсули андеша ва офаридаи гузаштагони ҷасуру далер ва фидоиҳои роҳи зафар маҳсуб меёбад.

Чунончи, дар шоҳасари безаволи ҳаким Фирдавсӣ-“Шоҳнома”, ки намунаи барҷастаи осори ватандӯстӣ ва тарғибгари некию мардонагӣ ба шумор меравад, нақши парчам дар роҳи муборизаҳои озодихоҳӣ, ҳифзи марзу бум ва эҳтиром гузоштан бар он равшан тасвир ёфта, дирафши аз пешдомани худ сохтаи Коваи оҳангар бар зидди бедодгариҳои Заҳҳоки хунхор чун рамзи тантанаи адолат бар зулму ситам хеле машҳур гардида, то замони мо чун Дирафши ковиёнӣ маъруфияти худро ҳифз намуда омадааст.

Маҳз, дар муқобили бедодгариҳои Заҳҳок мардум дар зери ин парчам канори ҳамдигар гирд омадаанд ва аз он замон сар карда парчам чун рамзи озодӣ, давлату давлатдорӣ дар миёни халқу миллатҳои олам қабул ва шоистаи арҷгузорӣ қарор гирифт.

Тибқи маълумоти муаррихон дар аҳди бостон шоҳони ориёӣ парчами давлатиро бо зару зевар ороста мекарданд ва гиромӣ медоштанд. Дар парчами шоҳону лашкаркашони пешин аксҳои махсус ҷой гирифта буд. Аз ҷумла, дар парчами Рустам акси шере тасвир ёфта буд, ки аҷдаҳорро пахш мекард ва парчами Сиёвуш дар худ акси гавазнро дошт. Лашкаркашон ҳангоми шӯришу низоъҳои худ дар зери парчам гирд меомаданд ва ҳангоми ғолибият ҷилвагарии парчам нишони зафар ба ҳисоб мерафт.

Тоҷикон дар замони давлатдории Сомониён зери парчами ин давлати бузург зиндагӣ карда, ҳастӣ ва асолати миллии хешро бо шукӯҳу шаҳомати махсус ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд. 

Баъдан дар асри 20 дар баробари парчами Давлати Шӯравӣ парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро низ барафрохтанд, ки он чун рамзи давлатдории мардуми тоҷик дар замони Шӯравӣ пазируфта мешуд.

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар тоҷикон рамзҳои давлатии худро қабул карданд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид ва дар таърих бо номи Иҷлосияи тақдирсоз ёд мешавад, ба марҳилаи нави парчамдории миллии мо асос гузошт. 24-уми ноябри соли 1992 бо пазироии вакилони халқ аввалин маротиба Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар толори ин қаср парафшонӣ кард.

Ба хотири гиромидошти ин ҳодисаи таърихӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.

Бояд гуфт, ки рамзи Дирафши Ковиёнӣ дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми июли соли 2006 № 192 мавриди истифода қарор дорад.

Боиси ифтихор аст, ки 24-уми ноябри соли 2009 дар Душанбе  бо ташаббуси Ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Дар вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда таҷлили Рӯзи парчами Тоҷикистон  бо шукӯҳу шаҳомати хосса гузаронида мешавад.

Боиси ифтихори мо тоҷикону тоҷикистониён аст, ки дар пойтахти кишварамон-Душанбешаҳр рӯзи 30-юми августи соли 2011 парчами Тоҷикистон дар пояи махсус бо

баландии 165 метр қомат афрохт, ки баландтарин парчами давлатӣ дар мамолики ҷаҳон маҳсуб меёфт.

Дар рӯзи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 9-уми сентябри соли 2011 бошад, аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг. гузаронида шуд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳ, садоқату эҳтиром ва арҷгузории мардум ба яке аз муқаддасоти миллӣ, яъне Парчами давлатӣ мебошад.

Бигузор парчами кишвари азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу суботи кишвар асрҳои аср парафшон бошад!

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top