Ташрифи Патрик Макнамаро ба донишгоҳ

Бинанда: 762 | Санаи нашр: 22 Ноябр 2021

22-юми ноябри соли 2021 ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат дар доираи барномаи ЮНИСЕН (ҳамкории донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ бо донишгоҳҳои Штатҳои Муттаҳидаи Америка) бо профессори Донишгоҳи Небраскаи ШМА Патрик Макнамаро вохӯрӣ баргузор намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масоили таълиму тадрис, аз ҷумла табодули донишҷӯён,  таҷрибаомӯзии омӯзгорон, чопи мақолаҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ, ба роҳ мондани иртиботи онлайнӣ байни донишҷӯёни донишгоҳ ва Донишгоҳи Небраска, инчунин такмили дараҷаи забономӯзии омӯзгорону донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо омӯзгорони донишгоҳи зикргардида ибрози андеша намуданд.

Зикр гардид, ки ҳамкориҳои судманди илмию таълимӣ ба рушду тавсеаи минбаъдаи  ДДТТ ва Донишгоҳи Небраска мусоидат менамояд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top