Вохӯрӣ бо донишҷӯён

Бинанда: 779 | Санаи нашр: 22 Ноябр 2021

Санаи 22.11.2021 профессори Донишгоҳи Небраска Патрик Макнамаро бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ баргузор намуд.

Вохӯриро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, Патрик Макнамаро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт ва риштаи суханро ба ӯ вогузошт.

Меҳмони арҷманд доир ба фаъолияти Донишгоҳи Небраска, ки яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои Штатҳои Муттаҳидаи Америка маҳсуб меёбад,  маълумоти муфассал дод. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки донишгоҳ дар шаҳри Омаҳаи штати Небраска воқеъ буда, дорои шароити хуби таълимӣ, таҷҳизоти нави муосир, 16 ҳазор донишҷӯ ва зиёда аз 800 нафар омӯзгор мебошад. Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки бо дарназардошти шароити кунунӣ табодули донишҷӯён ба тариқи онлайнӣ ба роҳ монда шавад.

Сипас, миёни донишҷӯёну  профессор Патрик Макнамаро саволу ҷавоб сурат гирифт.

Вохӯриро Саймаҳмуд Саидов ҳусни анҷом бахшида, аз номи раёсати донишгоҳ ба профессор Патрик Макнамаро арзи сипос намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top