Мусобиқаи зеҳнӣ

Бинанда: 800 | Санаи нашр: 20 Ноябр 2021

20-уми ноябри соли 2021 дар донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи зеҳнии “Брейн-ринг” байни донишҷӯён баргузор гардид, ки он ба худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва афзун гардидани донишу маърифати сиёсии ҷавонон ҷиҳати эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ мусоидат менамояд.

Чорабинӣ аз рӯи номинатсияҳои зерин: Муаррифии гурӯҳҳо; муқаддасоти Ватан; Парчами давлатӣ – рукни муқаддасоти миллӣ гузаронида шуда, дар он дастаҳои “Эътиқод” ва “Ҳамадон” иштирок карданд ва донишу маҳорати худро нишон доданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ҳакамон дастаи “Эътиқод”-ро ғолиб донистанд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда мешаванд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top