Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 774 | Санаи нашр: 19 Ноябр 2021

19-уми ноябри соли 2021 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ оғоз гардид, ки дар он ҳафт даста барои пирӯз гаштан бо ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

Дар рӯзи якуми мусобиқа дастаи ДДТТ бар дастаи Коллеҷи информатика ва техникаи компютерӣ ва дастаи Коллеҷи кӯҳии ба номи Сороҷон Юсуфова бар дастаи Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе пирӯз гардиданд.

Мусобиқа то 23-юми ноябр идома меёбад.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top