Семинари илмӣ-амалӣ

Бинанда: 812 | Санаи нашр: 19 Ноябр 2021

Дар кафедраи андоз ва суғуртаи донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ” баргузор гардид.

Семинар бо сухани муқаддимавии декани факултети молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ Нурдинов Б.Х. оғоз ёфт.

Доктори илмҳои иқтисодӣ Ғайрат Ашӯров дар мавзӯи “Пешвои миллат – поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ” бо муаррифии ҷолиб ва муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Зарафшон Каримова дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон ва пайроҳаи сулҳу ваҳдати Тоҷикистон” суханронӣ намуда, аз саҳми беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободию пешрафти кишвар ёдовар шуданд ва ба саволҳои аҳли толор посух гуфтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Баҳриддин Нурдинов ҳозиринро бори дигар ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top