Викторинаи зеҳнӣ-маърифатӣ

Бинанда: 817 | Санаи нашр: 17 Ноябр 2021

Чанде пеш дар донишгоҳ  бо ибтикори шуъбаи фарҳанг ва осорхона ва бахши кор бо донишҷӯдухтарони раёсати корҳои тарбиявӣ ва лоиҳаи "Механизми ҳавасмандгардонии духтарон ҷиҳати гирифтани маълумоти олӣ" бо мақсади дастгирию ҳавасмандгардонӣ, санҷиши маҳорати ҳозирҷавобӣ, зебоипарастӣ ва густариши фарҳангу маънавияти миллӣ викторинаи зеҳнӣ-маърифатӣ байни донишҷӯдухтарони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Қузибоева З. С. иштирок намуд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов оғоз намуда, доир ба аҳаммияти мусобиқаҳои зеҳнӣ-маърифатӣ дар такмилу тавсеаи ҷаҳонбинию маънавияти ҷавонон, бахусус, донишҷӯдухтарон ибрози андеша кард.

Сипас, донишҷӯдухтарон аз рӯи чор номинатсия: муаррифии гурӯҳҳо, “Ситораи хирад”, “Ақлу заковат” ва “Гурдофарид” неруозмоӣ карданд.

Дар ҷамъбасти викторина ҳакамон дастаҳои ғолибро ба таври зайл муайян намуданд: факултети иқтисодиёт ва тиҷорат ҷойи якум, дастаи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ ҷойи дуюм ва дастаҳои факултетҳои муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва молия ва қарз ҷойи сеюм.

Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top