Вохӯрӣ бо собиқадорони меҳнат

Бинанда: 786 | Санаи нашр: 15 Ноябр 2021

15-уми ноябри соли 2021 дар донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ бо собиқадорони меҳнат-Рафиқа Мӯсоева, Руқия Қурбонова ва муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини ректор оид ба тарбия Исупова Б.Ф. оғоз намуда, аз саҳми бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳаммияти иҷлосияи тақдирсоз дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ёдовар шуд.

Сипас Рафиқа Мӯсоева, Руқия Қурбонова ва Умеда Абдуллозода доир ба мавзӯи зикршуда ибрози андеша карданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад Басгул Исупова ба меҳмонон барои иштирок ва суханронии пурмазмун изҳори сипос намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top