Мусобиқаҳои варзишӣ ба ифтихори ҷашнҳои миллӣ

Бинанда: 777 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2021

Дар асоси нақшаҳои кории кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва хобгоҳи назди донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябр то 4-уми ноябри соли 2021 миёни донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат менамоянд, мусобиқа аз намуди футболи хурд гузаронида шуд.

Дар мусобиқа 4-даста ширкат варзида, ҷойҳои зеринро ишғол намуданд:

Ҷойи 1-ум дастаи ошёнаи 3-юми хобгоҳи №2, ҷойи 2-юм дастаи ошёнаи 2-юми хобгоҳи №2, ҷойи 3-юм дастаи ошёнаи №4-и хобгоҳи №1

Инчунин аз 11-ум то 13-уми ноябри соли 2021 дар толори варзишии донишгоҳ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни омӯзгорону кормандони сохторҳои донишгоҳ мусобиқа аз намуди волейбол гузаронида шуд.

Дар мусобиқа 4-даста иштирок намуда, зинаҳои ифтихории зеринро соҳиб гардиданд:

Ҷойи I-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ

Ҷойи II-юм факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ

Чойи III-юм факултети молия ва қарз

Шуъби табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top