Президенти мо – ифтихори мо

Бинанда: 952 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2021

Имрӯз (16.11.2021) дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Конференсияро сардори раёсати илм ва инноватсия Муҳитдин Ҳамитов ҳусни оғоз бахшид.

Сипас омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Додарбек Хуморов, Маҳмадулло Шарифов, Фирӯза Сангова ва омӯзгори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Ҷ. Рустамзода дар мавзӯи зикргардида бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад карда, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободию шукуфоии кишварамон барҷаста арзёбӣ намуданд. Инчунин, сармутахассиси раёсати тарбия Фарида Алимардонова ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шобош гуфта, дар васфи Пешвои миллат шеърҳо қироат намуд.

Дар фарҷоми конференсия декани факултет Ораз Муртазоев суханронӣ карда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки баҳри пойдории сулҳу суботи комил, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва худшиносию худогоҳии миллӣ саъю кӯшиш ба харҷ дода, дар ободию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми хешро гузоранд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top