Мизи мудаввар

Бинанда: 742 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2021

13-уми ноябри соли 2021 дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудавварро декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазоев оғоз намуда, доир ба аҳаммияти бузурги таҷлили ин рӯзи таърихӣ ва саҳми беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду шукуфоии кишвар суханронӣ кард.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Фарҳод Ҷабборов, ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Саъдӣ Додарбеков, донишҷӯи курси якуми ихтисоси 250111 Роҳила Каримова ва донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 250108 Комрон Нозимов доир ба мавзӯи зикргардида маърӯзаҳои пурмазмун намуданд.

Инчунин, донишҷӯёни фаъол дар васфи Пешвои миллат, Президенти кишвар ва Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол шеърҳо қироат карданд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар сардори раёсати тарбия Сайфулло Авғонов суханронӣ карда, аз хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, бахусус таъмини сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ёдовар шуда, аҳли толорро ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top