Табрикоти ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ

Бинанда: 885 | Санаи нашр: 15 Ноябр 2021

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Боиси ифтихору фараҳмандист, ки  мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои ватандорӣ ва садоқат ба сарвари худ таҷлил менамоянд.

Дар робита ба ин, ҳамаи шуморо ба муносибати солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр бо ифтихор ва самимияти бепоёни мардум нисбат ба Сарвари давлату ҳукумат бо шукӯҳи хосса таҷлил мегардад, табрику муборакбод мегӯям.

Дар ҳақиқат мардуми шарифу сарбаланди кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ аз фарзанди фарзонаи миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан ҳам ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шинохта ва эътироф гардидааст, меболанд ва ифтихор мекунанд.

Рӯзи Президент-рӯзи рамзии таърихӣ, таҷассумгари орзую умеди неки мардуми кишвар, кафолати сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду рушд ва ваҳдату ягонагии соҳибистиқлолии кишвар дар ҷамеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Фазилату рисолати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу субот, ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки имсол 30-юмин солгарди он бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои наҷибашон, аз ҷумла инсондӯстиву ватандӯстӣ, ҷасорату матонат, устувориву мардумият ва бо иқдому ташаббусҳои аҳаммияти умумиҷаҳонидошта на танҳо дар дилу дидаи мардуми шарифи кишварамон, балки мардуми сайёра маъво гирифта, эҳтироми бузург ва маҳбубияти хоссаро соҳиб гардидааст.

Ёдовар шудани чунин баҳои баланди Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар бораи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфтааст: “Давоми сӣ сол Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон роҳи ғайриодии рушдро тай карда, дар арсаҳои гуногун ба комёбиҳои бузург ноил гардид ва мақоми узви муҳимми ҷомеаи ҷаҳониро касб кард. Итминон дорам, ки Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлатдорӣ ва эҳёи миллӣ таҳти сарварии ҷаноби Президент ба комёбиҳои наву боз ҳам дурахшонтар ноил хоҳад гашт”.

Ё худ суханони муассиси Китобхонаи устод Халилуллоҳ Халилӣ дар Тоҷикистон Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар, ки гуфтааст: “Сарвари хирадманду дурандеши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бародари дилсӯз ва ҳамсояи нек дар бештари маҳфилҳои дохилӣ ва ҷаласоти байналмилалӣ, агар сухани аввалаш роҷеъ ба Тоҷикистон бошад, бидуни шак, дувумин паём садои дардҳо ва мушкилоти мардуми Афғонистон аст, ки ба гӯши ҷаҳониён мерасонад”, бозгӯи хидматҳои барҷастаи Пешвои муаззами миллатамон ҳамчун шахси сулҳхоҳу сулҳовар, ватандӯсту башардӯст ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шинохтаву эътирофгардида дониста шудани он мебошад.

Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сулҳи тоҷикон мебошанд. Бояд гуфт, ки талошҳои Пешвои миллат барои сулҳу осоиш забонӣ набуданд, балки дар амал ҳамарӯза зоҳир мешуданд. Ӯ мавқеи қатъии худро ҳамчун ҷонибдор ва ҳавасманди муколамаи сиёсӣ аз ҳама гуна минбарҳо, аз мулоқот дар як оила то минбари ҷаҳонӣ гаштаю баргашта таъкид мекарданд. Шаҳр ба шаҳру ноҳия ба ноҳия гашта, азиятдидагонро дилбардорӣ ва халқро ба ояндаи неки сулҳу ваҳдат рӯҳбаланд мекарданд. Натиҷаи заҳматҳои бесобиқааш буд, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва сулҳу субот дар кишвар таъмин гардид.

Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлат, барқарор кардани ҳокимияти сиёсиву истиқлолияти муосири давлатӣ, хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон бениҳоят бузург аст. Соҳиб гардидани унвонҳои  баланд, аз ҷумла Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат далели равшани қадр гардидани хизматҳои арзандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳру муҳаббати зиёд доштани мардуми Тоҷикистон ба ин фарзанди фарзонаю сарсупурдаи Ватан мебошад.

Имрӯз пешрафту тараққиёти кишвар, ободию шукуфоӣ ва зиндагии орому осоиштаи  мардуми саодатманди онро дида, бовари кас намеояд, ки ин ҳамон Тоҷикистонест, ки солҳои 90-уми асри гузашта ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронида буд. Пойтахти мамлкатамон-шаҳри Душанбе, ки ба кулли симояшро дигар кардааст, имрӯз ба макони баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Манзараҳои нотакрору афсонавии кишварамон бошад, диққати ҳазорҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд, ки ин ҳама ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва дуруст роҳандозӣ гардидани сиёсати оқилонаю дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардидааст.  

Бори дигар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон муборакбод мегӯям.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top