Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 794 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2021

13-уми ноябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – эҳёгари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон” баргузор гардид.

Конференсияро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саидов С. С. ифтитоҳ намуда, доир ба рисолати таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолияти давлатии мамлакат ва аҳаммияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи пурмазмун намуд.

Сипас, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишар Саидмурод Фаттоҳзода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаррам Қодирӣ, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, намояндаи мардумӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат, профессори кафедраи молия Абдусаттор Ҷабборов, муовини сардори раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ва муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов доир ба мавзӯи матраҳшуда маърӯзаҳои ҷолибу пурмуҳтаво карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Саймаҳмуд Саидов бори дигар аҳли толорро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-умин солгарди иҷлосияи тақдирсоз табрику таҳният гуфт.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top