Навиди хуш

Бинанда: 838 | Санаи нашр: 12 Ноябр 2021

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро барои саҳми арзанда дар ташвиқу тарғиби дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ, баргузории чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ, фарҳангию варзишӣ ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба корҳои ободонию созандагӣ бо Сипоснома қадрдонӣ намуд.

Инчунин, Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар доираи таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ҷиҳати иштироки фаъолона дар фестивалҳои ҷумҳуриявии “Таомҳои миллӣ” ва “Оши палав”, ки дар асоси Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, бо диплом сарфароз гардонид.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top