Дар Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми майи соли 2021 ба муносибати 20-солагии таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷониби Маркази дӯстӣ ва ҳамкории созмони зикршуда дар шаҳри Душанбе конференсияи фарҳангию гуманитарӣ таҳти унвони “Модели Созмони Ҳамкории Шанхай” баргузор гардид, ки дар он аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Маҳина Икромова ва донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси ташкили робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадрасул Ҳафиззода иштирок намуданд.
Конференсияро собиқ Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов оғоз намуда, дар бораи таърих ва рушду густариши ин созмони бонуфузи минтақавӣ ибрози андеша кард. Сипас, намояндагони ҳашт узви созмон бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад намуда, андешаҳои худро доир ба такмилу тавсеаи фаъолияти он баён карданд. Маҳина Икромова ҳамчун донандаи хуби забони англисӣ дар кори конференсия ба ҳайси баранда фаъолият намуд. Конференсия дар фазои дӯстию бародарӣ ва ҳусни нияти ҳамҷаворӣ доир гардид.
Шуъбаи табъу нашр