Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию хуррамгардонӣ рушду тавсеа ёфта истодаанд.
Дар робита ба ин, 22-юми майи соли равон кормандони раёсати хоҷагидорӣ ба корҳои ободонию сабзкорӣ шуғл варзида, ҳудуди донишгоҳ, қитъаҳои ба он вобасташудаи кӯчаи Деҳотӣ ва қатори гулу гулбуттаҳоро рӯбучин ва тозаю озода намуданд.
Корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар оянда низ идома меёбанд.
Шуъбаи табъу нашр