Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 21-уми майи соли 2021 Форуми 1-уми байналмилалии иқтисодии пажӯҳишгарони ҷавон таҳти унвони “Ҷавонон ва соҳибкорӣ” баргузор гардид.
Форумро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фахриддин Самиев оғоз намуда, аз номи ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат кулли иштирокдоронро ба муносибати баргузории ин чорабинии байналмилалӣ табрику таҳният гуфт ва ба кори онҳо дар ин давра барору комёбӣ орзу намуд.
Сипас, муҳаққиқони ҷавон Саидафзал Мизробов, Сабрина Ясакиева ва Маҳмадулло Тӯлиев дар мавзӯъҳои илмӣ бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад намуданд. Инчунин, профессорон Нозимҷон Нидоев ва Раҷаб Раҷабов доир ба масоили муҳимму мубрами илмии матраҳгардида ибрози андеша карданд. Пагоҳ (22-юми май) кори форум дар бахшҳо идома меёбад.
Шуъбаи табъу нашр