Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмию фарҳангӣ дар мавзӯи “Ҷавонон – ояндаи давлату миллат”, баргузор гардид.
Чорабиниро ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҷавонони ин боргоҳи илму маърифат ва дар симои онҳо кулли ҷавонони кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику шодбош гуфт ва дар бораи сиёсати ҷавонпарварона ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ибрози андеша намуд.
Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зидди коррупсионӣ Некрӯз Қудратов дар мавзӯи“Нақши ҷавонон дар таҳкими амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шамс Ниёзов дар мавзӯи “Саҳми ҷавонони донишгоҳ дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонони Тоҷикистон” бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад намуданд. Инчунин, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси фаъолияти гумрукӣ Меҳроҷиддини Ҷаббор кулли ҷавонони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфт. Дар поёни чорабинӣ аз номи раёсати донишгоҳ ба омӯзгорону донишҷӯёни фаъол сипосномаю дипломҳо ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.
Шуъбаи табъу нашр