Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар партави сиёсати муваффақи иҷтимоӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашнҳои миллию давлатӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла, бепарасторону ниёзмандон ва маъюбону ятимон ёрии моддӣ расонида мешавад.
Дар доираи ин гуна иқдомҳои иҷтимоӣ, 18-уми майи соли 2021 намояндагони донишгоҳ ба аёдати бачагони сустбин ва нобинои мактаб-парваришгоҳи шаҳри Ҳисор рафта, ба онҳо ёрии моддӣ расониданд. Омӯзгори ахлоқ Саъдии Шерозӣ дар бораи саховату ҷавонмардии ашхоси ҳимматбаланд фармудааст: Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро, Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
Шуъбаи табъу нашр