Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Аҳамияти ин ду санаи мубораку муқаддасро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки “Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ду рукни меҳвари фарҳанги давлатдорию давлатсозии мо мебошад”.
Дар робита ба ин, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе, шурӯъ аз 24.04.2021 дар боғҳои шаҳри Душанбе силсилаи чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии дар шаҳри Душанбе воқеъгардида баргузор карда мешавад. Аз ҷумла рӯзи 16-уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Боғи Садриддин Айнӣ”-и шаҳри Душанбе барномаи ҷолиби фароғатию фарҳангӣ, ки аз суруду таронаҳои ба васфи Ватан, Модар, Истиқлолият бахшидашуда ва рақсҳои ҷаззоб иборат буданд, манзури сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Шуъбаи табъу нашр