Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зиёд андешида, амалигардонии онҳоро омили муҳимми солимии шахс ва ҷомеа меҳисобад.
Гузаронидани Дави миллӣ, ки ҳамасола дар кишварамон роҳандозӣ мегардад, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимми ривоҷу равнақи варзиш ва оммавигардонии он мебошад. Дар Дави миллии имсола, яъне соли ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз (16.05.2021) бо иштироки одамони касбу кор ва синну соли гуногун сурат гирифт, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Шуъбаи табъу нашр