Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон, ки 30-солагии онро имсол бошукӯҳ таҷлил менамоем, ба рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла илму маорифи кишвар шароити мусоид фароҳам оварда, имконияти ҳимоя намудани рисолаҳои номзадию доктории омӯзгорону унвонҷӯёнро бештар намуд.
Ҳимояи муваффақонаи рисолаи номзадии омӯзгори кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ Фитрат Рустамов, ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Рушди иқтидори кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар бозори хизматрасониҳои таълимӣ”, ки санаи 15-уми майи соли 2021 баргузор шуд, сафи олимону муҳаққиқони ҷавони донишгоҳро афзун гардонд. Раёсат ва ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ Фитрат Рустамовро бо ин дастоварди илмӣ самимона муборакбод гуфта, ба ӯ дар фатҳи қуллаҳои минбаъдаи илм барору комёбӣ таманно доранд.
Шуъбаи табъу нашр