Дар донишгоҳ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари хуб ба роҳ мондани таълиму тарбия корҳои ободонию сабзкорӣ низ вусъат ёфта истодаанд. Аз ҷумла, 8-уми майи соли равон кормандони раёсати хоҷагидорӣ ба корҳои ободонию сабзкорӣ машғул гардида, майдончаҳои сабзу майсазор ва қатори гулҳоро тозаю озода намуда, гулу гулбуттаҳои нав шинонданд.
Корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар оянда низ идома меёбад.
Шуъбаи табъу нашр