Ҷашни Рӯзи ғалаба дар донишгоҳ

Бинанда: 1163 | Санаи нашр: 07 Май 2021

Ба муносибати 76-умин солгарди ғалабаи халқҳои шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7-уми майи соли 2021 дар донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷамъомад муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов дар бораи аҳаммияти бузурги ғалабаи халқҳои шӯравӣ, аз ҷумла фиристодагони Тоҷикистон дар ин ҷанг, посу гиромидошти хотираи иштирокдорони он ва арҷгузорӣ ба корномаи мондагори фарзандони далери халқи тоҷик ибрози андеша намуд.

Сипас, дар қисми барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ донишҷӯён дар мавзӯъҳои Ватан, қаҳрамонию далерӣ ва нангу номуси ватандорӣ шеърҳо қироат намуда, рақсу суруд хонданд ва дар бораи зиндагию рӯзгори мардуми тоҷик дар давраи ҷанг намоиши саҳнавӣ пешниҳод намуданд.

Ҳунармандони касбӣ, ки ба ҷамъомад даъват гардида буданд, бо сурудҳои дилнишин ва саҳначаи шавқовари ҳаҷвӣ хотири аҳли толорро шод карданд.

 

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top