Маҳфили адабӣ-фарҳангӣ

Бинанда: 1063 | Санаи нашр: 06 Май 2021

6-уми майи соли равон дар донишгоҳ бахшида ба 80-солагии шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар оғози маҳфил муовини декани факулетети иқтисодиёт ва тиҷорат оид ба илм Лоиқ Бӯриев дар бораи саҳми арзандаи шоир дар рушди назми муосири тоҷик сухан гуфт.

Пас аз он, муаллими калони кафедраи математика ва фанҳои табиатшиносӣ Парвина Аҳмадова бо истифода аз слайд дар тахтаи электронӣ доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Лоиқ Шералӣ ибрози андеша намуд.

Дар идомаи маҳфил донишҷӯёни курси якуми ихтисоси хадамоти гумрукӣ аз ашъори шоир шеърҳо хонданд.

Сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ Файз Акрамов маҳорату малакаи шеърхонии донишҷӯёнро таҳлилу баррасӣ намуда, ба ҳунари онҳо баҳои сазовор дод.

Дар поёни маҳфил аз ҷониби садорати факултет ба донишҷӯёни фаъол ифтихорномаҳо тақдим гардид.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top