Семинари илмӣ-амалӣ

Бинанда: 1090 | Санаи нашр: 06 Май 2021

Боиси ифтихору сарфарозист, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун муассисаи заминавӣ дар сатҳи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба тайёр намудан, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон дар соҳаи суғурта пазируфта шудааст.

Дар робита ба ин, 6-уми майи соли 2021 дар донишгоҳ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Мушкилоти суғурта дар давлатҳои аъзои ИДМ” бо ҷалби мутахассисон аз ҳисоби мутахассисони идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов оғоз намуда меҳмонон – сардори идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Ҳусейнова Дилбар Каримҷоновна ва сардори хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон Ҳасанова Мавҷуда Эгамовнаро ба аҳли толор муаррифӣ намуд ва дар бораи муассисаи заминавӣ дар сатҳи давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил оид ба тайёр намудан, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон дар соҳаи суғурта пазируфта шудани Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Сипас, сардори идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Ҳусейнова Д.К. дар мавзӯи “Масъалаҳои суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамои рушди он”, н.и.и., дотсенти кафедраи андоз ва суғурта Ашӯров Ғ.Д. дар мавзӯи “Рушди бозори суғурта дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамои он”, муаллими калони кафедраи андоз ва суғурта Ҳамидова С.Ҳ. дар мавзӯи “Актуальные проблемы развития страхового рынка в Республике Таджикистан”, муаллими калони кафедраи менеҷмент Маърупова Н.Ш. дар мавзӯи “Ташаккули низоми суғуртаи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маърӯзаҳои шавқовару пурмазмун баромад карда, оид ба роҳҳои ҳалли мушкилоти суғурта дар давлатҳои аъзои ИДМ фикру мулоҳизаҳои хешро баён карданд.

Ҳамчунин аз ҷониби мудири кафедраи андоз ва суғуртаи донишгоҳ н.и.и., дотсент Зуҳал Туйчиқулов доир ба рушди соҳаи суғурта адешаҳои ҷолиб баён карда шуд.

 

Шуъбаи табъу нашр



Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top