Чорабинии илмию фарҳангӣ

Бинанда: 1181 | Санаи нашр: 06 Май 2021

6-уми майи соли равон дар донишгоҳ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардид.

Тавре ки муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фахриддин Самиев зикр намуд, раёсати донишгоҳ тамоми шароитро барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ муҳайё намудааст ва баргузории ин гуна тадбирҳо дар остонаи ҷашнҳои бузурги миллию давлатӣ иқдоми арзанда ба шумор рафта, барои рушду такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъсири мусбат мерасонад.

Сипас, омӯзгорони кафедраи забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ дар доираи барномаи зикршуда сухан гуфтанд. Дар қисми фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни фаъол шеъру суруд хонда, рақсҳои ҷолиб намуданд ва табъи аҳли нишастро болида гардониданд. 

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба донишҷӯёни фаъол ифтихорнома супорида шуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top