Дар донишгоҳ 5-уми майи соли 2021 даври умумидонишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Озмунро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов оғоз намуда, дар бораи аҳаммияти маърифатию фарҳангии озмун ибрози андеша кард ва ба иштирокдорони он барору комёбӣ орзу намуд Сипас, донишҷӯён аз рӯи чор номинатсия – шоирӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир ва адабиёти ҷаҳон донишу маҳорати худро нишон дода, аз осори шоирону нависандагони классику муосир пораҳои манзум ва насриро қироат намуданд. Дар фарҷоми озмун ғолибон муайян гардида, ҳуқуқи дар даври дуюм (ноҳиявӣ) иштирок намуданро ба даст оварданд.
Шуъбаи табъу нашр