ДДТТ дар даҳгонаи беҳтарин

Бинанда: 963 | Санаи нашр: 03 Май 2021

Ҳамасола (шурӯъ аз соли 2004) рейтинги Webometrics Ranking of World Universities (Мадрид, Испания) дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷаҳон гузаронида шуда, дар моҳҳои январ ва июл омори навро ба нашр мерасонанд.

Тибқи рейтинги мазкур Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар байни зиёда аз 30 ҳазор донишгоҳи ҷаҳон дар ҷойи 19613 ҷойгир шуда, дар рейтинги дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин макотиби олии кишвар дохил гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида мешавад. Дар рейтинги имсола 31 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуд. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ин рейтинг бо бадаст овардани 164 хол ҷойи 7-умро соҳиб гардид, ки ин, албатта, нишондиҳандаи хуб аст.

 Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top