Дар донишгоҳ 29-уми апрели соли равон даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
Дар оғози озмун муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фахриддин Самиев доир ба аҳаммияти ин чорабинии илмию фарҳангӣ, ки боиси ғановатмандии илму маърифат ва худогоҳию ватандӯстии ҷавонон мегардад, ибрози андеша намуд ва изҳори боварӣ кард, ки даври якуми озмун бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Дар озмун донишҷӯён аз рӯи се номинатсия – математика, география ва технологияи иттилоотӣ сабқат намуданд, ки натиҷаи он 30 – юми апрел муайян карда мешавад. Инчунин, дар рӯзи якуми озмун донишҷӯи курси 4 – уми ихтисоси технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт Суннатулло Собирзода лоиҳаи худро дар мавзӯи “Раванди идоракунии кормандон ва донишҷӯён дар асоси пойгоҳи маълумот” пешниҳод намуда, аз ҷониби аъзои комиссия сазовори баҳои баланд гардид. Донишҷӯёне, ки дар даври якум ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд, ҳуқуқи ба даври дуюми озмун, яъне ноҳиявӣ роҳ ёфтанро пайдо мекунанд.
Шуъбаи табъу нашр