Имрӯз (28.04.2021) дар донишгоҳ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Мавзеъҳои табобатӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Мизи мудавварро мудири кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ, номзади илмҳои физика ва математика Қурбонназар Палавонов оғоз намуда, дар бораи аҳаммияти мавзеъҳои табобатӣ ва сайёҳии кишвар баёни афкор намуд. Сипас, муаллими калони кафедра Парвина Аҳмадова ва донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 960101- Ғайрат Носирзода ва Меҳрубон Маҳмадқулов доир ба мавзӯи матраҳшуда бо маърӯзаҳои ҷолиб сухан гуфтанд. Баъд аз он, ду гурӯҳи донишҷӯён- “Тоҷир” ва “Иқтисодиёт” дар доираи мавзӯъ саволуҷавоб намуданд. Ҳамчунин, як гурӯҳ омӯзгорон дар музокирот иштирок карданд. Дар анҷоми мизи мудаввар аз номи садорати факултет ба донишҷӯёни фаъол сипоснома ва ифтихорнома супорида шуд.
Шуъбаи табъу нашр