28-уми апрели соли 2021 дар донишгоҳ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Шарҳ ва таҳлили стандарти таҳсилот ва нақшаи таълимии ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ дар мисоли ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ” баргузор гардид.
Дар семинар аз ҷониби мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дотсент Абдумалик Мирзоалиев ва номзади илмҳои иқтисодӣ Ғайрат Раҳимов мазмуну муҳтавои стандарти таҳсилот, нақшаи таълимии ихтисос ва омӯзиши пайдарпайи фанҳои таълимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт. Силсиласеминарҳо дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ минбаъд низ идома меёбанд.
Шуъбаи табъу нашр