Имрӯз (28.04.2021) дар донишгоҳ ба муносибати 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ дар мавзӯи “Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ” баргузор гардид, ки дар он шоир, ёвари раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, директори “Фонди адабиёт”, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Акбар Абдулло ва нависандаю публитсист, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Бахтиёр Муртазо иштирок намуданд.
Маҳфилро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов оғоз намуда, аз ҳузури меҳмонон дар ин чорабинии адабию фарҳангӣ изҳори сипос намуд.Дар идомаи маҳфил мудири кафедраи забонҳо, номзади илмҳои филологӣ Масъуд Қаҳҳоров дар мавзӯи “Симои Мирзо Турсунзода” дар “Сипоснома-и Лоиқ Шералӣ” маърӯзаи пурмазмун кард. Инчунин, Акбар Абдулло ва Бахтиёр Муртазо аз рӯзгору осор ва одамияту инсондӯстии шоири бузурги миллат зикри хайр намуданд. Сипас, донишҷӯён аз ашъори мондагори Мирзо Турсунзода пораҳои манзум қироат намуданд. Шоир Акбар Абдулло бо арзи сипос ба хазинаи донишгоҳ китобҳои бадеӣ тақдим намуд. Маҳфили адабӣ дар фазои эҷодӣ доир гардида, аз он аҳли толор завқи маънӣ ва таассуроти нек бардоштанд.
Шуъбаи табъу нашр