Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 27-уми апрели соли 2021 дар доираи амалинамоии “Барномаи давлатӣ оид ба такмили тадрис ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030” Шоми адабию мусиқӣ ба муносибати 135-солагии шоири бузурги рус Николай Степанович Гумилёв доир гардид.
Шоми адабию мусиқиро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фахриддин Самиев оғоз намуда, баргузории маҳфили имрӯзаро далели арҷгузории аҳли илму фарҳанги тоҷик ба ин шоири бузурги рус донист. Сипас, омӯзгорони кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Зебо Абдулазизова ва Мавлуда Имаева, намояндаи “Россотрудничества” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Маркази таълимию методии забони русии Маркази илм ва фарҳанги Россия Любов Николаевна Дудко бо маърӯзаҳои пурмазмун доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Николай Гумилёв суханронӣ намуданд. Инчунин, донишҷӯён аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд ва суруд хонданд. Дар фарҷоми маҳфил Любов Николаевна Дудко ба созмондиҳандагони ҷорабинии фарҳангӣ изҳори сипос карда, аз номи ниҳоди зикргардида ба омӯзгорону донишҷӯёни фаъол сипоснома тақдим намуд.
Шуъбаи табъу нашр