24-уми апрели соли 2021 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии донишкадаи зикргардида баргузор шуд.
Дар озмун донишҷӯи курси якуми ихтисоси ташкили робитаҳои байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Маҳина Болтаева иштирок намуда, бо донишу маҳорати хуб аз рӯи равияи “Математика” (ғайритахассусӣ) сазовори ҷойи сеюм ва диплом гардид. Раёсат ва ҳайати илмӣ-омӯзгории донишгоҳ Маҳина Болтаеваро барои ишғоли ҷойи ифтихорӣ табрику таҳният гуфта, ба ӯ дар таҳсилу илмомӯзиаш барору комёбӣ орзу менамоянд.
Шуъбаи табъу нашр