21-уми апрели соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи “Ҳафтаи илм” конференсияи илмӣ-амалии омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фахриддин Самиев бо сарсухан оғоз намуда, доир ба Рӯзи илми тоҷик, Бистсолаи (2020-2040) омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” баёни афкор намуд. Сипас, доктори илмҳои техникӣ Ҳ. Маҷидов дар мавзӯи “Амалӣ намудани талаботи” “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов дар мавзӯи “Хусусиятҳои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ” ва донишҷӯи курси сеюми ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунии корхона Адибаи Асомуддин дар мавзӯи “Ҳадафҳои стратегӣ – омили рушди кишвар” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ намуданд. Инчунин, дар музокирот профессорон Ш. Дӯстбоев, Н. Нидоев, С. Ҳабибов ва Р. Раҷабов иштирок карданд. Дар анҷоми ҷаласаи пленарӣ Фахриддин Самиев ба маърӯзачиён барои маърӯзаҳои ҷолибу пурмуҳтаво изҳори сипос намуд. Чорабиниҳои илмӣ дар доираи “Ҳафтаи илм” то 26-уми апрели соли 2021 идома меёбанд.
Шуъбаи табъу нашр