Сайри Қалъаи бостони Ҳисор

Бинанда: 919 | Санаи нашр: 15 Апрел 2021

Чанде пеш донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси кори бонкӣ ва курси 1-уми ихтисоси менеҷменти факултетҳои молия ва карз, иқтисодиёт ва менеҷмент бо роҳбарии муаллими калони кафедраи менеҷмент Нурия Марупова аз Қалъаи бостони Ҳисор дидан карданд.

Донишҷӯён зимни сайри таърихию фарҳангӣ бо дарвозаи асосии қалъа, мадрасаи кӯҳна, корвонсарой, масҷиди “Чашмаи моҳиён”, мақбараи Махсуми Аъзам ва осорхонаи таърихӣ шинос шуда, олами маънавӣ ва маърифати худро ғанӣ гардониданд.

 Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top