Оғози “Ҳафтаи илм”

Бинанда: 1353 | Санаи нашр: 21 Апрел 2021

          Устодон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни бузурги миллӣ- сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамонро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.

Конференсияи имрӯзаи илмӣ-назариявии омӯзгорону донишҷӯён, ки дар доираи “Ҳафтаи илм” гузаронида мешавад, ба ин ҷашни бузург бахшида шудааст.

Аз ин хотир, ҳамаи шумо иштирокдорони конференсияро ба ин чорабинии илмӣ хушомадед гуфта, ба ҳар кадоми Шумо дар ҷодаи фаъолияти илмӣ барору комёбӣ орзу менамоям.

Мусаллам аст, ки мардуми фарҳангдӯсту тамаддунофари тоҷик аз аҳди бостон то имрӯз ба илму дониш ва маърифату маънавиёт таваҷҷуҳи хосса дошт ва дорад. Зеро хуб медонанд, ки мушкилкушои ҳамаи корҳо илм аст. Дар робита ба ин, хирадманде гуфтааст:

                                Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,  

                                Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.

Аҳамият ва қадру манзалати илмро ба назар гирифта Шайх Аттор мегӯяд:

                                Илм агар андак бувад, хораш мадор,

                                З-он ки дорад илм қадри бешумор.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки: “Мафҳуми илму дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд”. 

Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаи илму дониш ва рушди ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳ ва ғамхории зиёд зоҳир карда мешавад. Арзи ҳастӣ кардани мактабҳои зиёди типи нав аз ҷумла литсей, гимназия, коллеҷҳо ва беш аз 40 мактаби олии ҷумҳурӣ далели ин гуфтаҳо буда, ба рушди илми ватанӣ мусоидат менамоянд.

Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати кишвар дар даврони истиқлолияти давлатӣ масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст ва дар ин замина бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14-уми апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад.

Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм - фурӯғи маърифат” ба рушди илм ва омода намудани кадрҳои илмӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  ҷиҳати таъмини рушди илм саҳми калон дошта, ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи иқтисод, тиҷорат, гумрук, ҳуқуқи иқтисодӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ саҳмгузорӣ менамояд.

Дар асоси қарори Шӯрои олимон дар донишгоҳ ҳамасола озмунҳои “Тадқиқотчии беҳтарини сол”, “Навовари сол”, “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника” гузаронида шуда, ғолибон бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Бори дигар “Ҳафтаи илм”-ро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, ба кори конференсияи илмӣ-назариявӣ барор мехоҳам.

 Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

 Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top