Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти семоҳа

Бинанда: 919 | Санаи нашр: 17 Апрел 2021

Ҷамъомаде, ки рӯзи 17-уми апрели соли равон бо иштироки роҳбарони сохторҳои донишгоҳ доир гардид, фаъолияти сохторҳои донишгоҳро дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Баъди сухани муқаддимавии муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов роҳбарони воҳидҳои сохтории донишгоҳ дар хусуси корҳои анҷомдода ва баъзе мушкилоти ҷойдошта ҳарф заданд. Аз суханронии роҳбарони воҳидҳои сохторӣ маълум гардид, ки дастовардрҳои донишгоҳ дар семоҳаи якуми соли 2021 хурсандибахш буда, ҷаҳду талош ва кӯшишу ғайрати коллективи донишгоҳ ҷиҳати омода намудани мутахассисони рақобатпазири ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ҷавогӯ ва бо дастовезҳои арзандаи илмию педагогӣ сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гашта истодааст.

Дар хотимаи ҷамъомад муовинони ректор, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, директори литсей, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва дигар шахсони масъули соҳаи таълиму тарбия вазифадор карда шуданд, ки баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намудааст, кӯшишу ғайрати бештар намуда, дастовардҳояшонро афзун гардонанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top