Ҷашни шоири бузурги Шарқ

Бинанда: 1043 | Санаи нашр: 17 Апрел 2021

Ба истиқболи ҷашни

110-солагии устод

Мирзо Турсунзода

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 16-уми апрели соли 2021 дар донишгоҳ Конференсияи илмию адабӣ ба муносибати 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар мавзӯи “Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ” баргузор гардид.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фахриддин Самиев оғоз намуда, саҳми Мирзо Турсунзодаро дар таҳкими сулҳу амният, дӯстии халқҳо, ҳаракати озодихоҳонаи мардуми Осиё ва Африқо ва рушди адабиёту фарҳангӣ миллию умумибашарӣ барҷаста арзёбӣ намуд.

Сипас, номзадҳои илмҳои филологӣ М. Қаҳҳоров, Б. Насриддиниён, С. Нодирӣ, Ҷ. Гурезов, Н. Мустафозода, омӯзгорон Г. Зарифбекова ва Ҳ. Сангинов доир ба фаъолияти пурвусъати сиёсию ҷамъиятӣ ва мазмуну муҳтавои эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ намуданд.

Инчунин, аз ҷониби донишҷӯён доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ин шоири бузурги Шарқ маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод гардид.

Конференсия дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҷолибу хотирмон доир гардида, аҳли толор аз он завқи маънӣ ва таассуроти нек бардоштанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top