Мусобиқаҳои варзишӣ

Бинанда: 1043 | Санаи нашр: 14 Апрел 2021

Чанде пеш дар толори варзишии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва корхонаю муассисаҳои кишвар баргузор гардид, ки дар он чор нафар донишҷӯи донишгоҳ ширкат варзиданд.

Ду нафар донишҷӯи курси якуми донишгоҳ Комрон Холназаров ва Муҳаммад Ҷумъазода ҳунару маҳорати хуб нишон дода, ба чоргонаи беҳтарин гӯштингирони мусобиқа дохил гардиданд.

14-уми апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ оид ба баскетбол байни донишҷӯдухтарони 16 дастаи макотиби олии пойтахт барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он баскетболбоздухтарони донишгоҳ иштирок намуданд.

Баскетболбоздухтарони мо дар бозии нахустин, ки рӯзи 15-уми апрел баргузор шуд, бар ҳарифони худ дастаи донишҷӯдухтарони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ҳисоби 12:7 пирӯз гардиданд.

Шуъбаи табъу нашр



Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top