Худшиносу худогоҳу ватандӯст бояд буд

Бинанда: 1182 | Санаи нашр: 14 Апрел 2021

Вохӯрие, ки рӯзи 14-уми апрели соли ҷорӣ раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, сардори Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Зафарзода Комрон бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доир намуданд, амалигардонидани масъалаҳои басо муҳимму мубрамро, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳман ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, дарбар мегирифт.

Вохӯриро ректори ДДТТ, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизбии “Тоҷири Аҷам”-и донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва баргузории вохӯрии имрӯзаро, ки тибқи нақша-чорабиниҳои донишгоҳ таҳия гардида буд, муҳим арзёбӣ намуда, татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакатро вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён донист ва бо камоли эҳтиром суханро ба Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло во гузошт.

Мавсуф аз хусуси аҳамияти бузурги Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, бахусус, мавқеъ ва саҳми беназири Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешрафт ва ободониву шукуфоии мамлакат, рисолати аъзои ҳизб дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ташаккули шуури сиёсӣ, рушди сармояи инсонӣ, фаъолияти босамари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои беназири даврони истиқлолият, истифодаи дурусту мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарф зада, ҷавононро, ки қишри ояндасози ҷомеа маҳсуб меёбанд, ба илмомӯзӣ, ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ даъват намуд.

Шоҳзод Раҳимзода дар суханронии худ, аз саҳми босазои ҷавонони кишвар ёдовар шуда, иброз дошт, ки давлату Ҳукумат, бахусус, Президенти мамлакат нисбати онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ӯ инчунин, дар бораи тарбияи ҷавонон, ҷалби онҳо ба китоб ва китобхонӣ ҳарф зада, баргузории озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм-фурӯғи маърифат”-ро дар самти баланд гардидани маънавиёту маърифти наврасону ҷавонон омили муҳим маънидод кард.

Баъдан ба як гурӯҳ фаъолони донишгоҳ ифтихорномаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Дар анҷоми вохӯрӣ ректори донишгоҳ ба меҳмонон барои иштирок ва суҳбати самимӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ҳизбиёни донишгоҳ баҳри татбиқи барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳадафаш зиндагии шоиста, пешрафт ва ободониву шукуфоии кишвар аст, саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top