Паём пайғоми Президент аст

Бинанда: 1096 | Санаи нашр: 13 Апрел 2021

13-уми апрели соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғиби дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шаҳзод Раҳимзода, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Тоҷикистон” Суҳроб Рауфзода ва сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед бо омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Ҳамоишро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саидов С.С. бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, аз ташрифи меҳмонон изҳори сипос кард ва суханро ба Мавсума Муинӣ во гузошт.

Мавсума Муинӣ ва дигар меҳмонон зимни суханронӣ доир ба аҳаммияти бузурги Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи пойтахти кишвар, ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва маърифату зиракии сиёсии ҷавонон ва дигар масоили муҳим ибрози андеша намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top