Озмуни “Кадбонуи беҳтарин”

Бинанда: 1074 | Санаи нашр: 12 Апрел 2021

12 - уми апрели соли 2021 дар донишгоҳ ба муносибати Рӯзи пойтахт озмуни умумидонишгоҳӣ таҳти унвони “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид.

Озмун аз чор шарт: муаррифии гурӯҳ, ороиш ва муаррифии дастархони миллӣ, кадбонуи беҳтарин ва дастони моҳир иборат буда, дар он донишҷӯдухтарони факултетҳо ҳунар, малака ва маҳорати худро нишон доданд.

Натиҷаи озмун дар байни дастаҳои донишҷӯдухтарони факултетҳо ба таври зайл ҷамъбаст гардид:

  • Ҷойи 1 - ум, дастаи “Гулдухтарони тоҷик” - и факултети иқтисодиёт ва тиҷорат;
  • Ҷойи 2 – юм, дастаи “Меҳрофарин” – и факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ;
  • Ҷойи 3 – юм, дастаи “Ғизол” ва “Гулрез” – и факултетҳои молия ва қарз ва муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ.

Дар фарҷоми озмун муовини ректор оид ба тарбия Исупова Б. Ф. аз номи раёсати донишгоҳ ҳозиринро барои иштироки фаъолона ва ба муносибати фарорасии рӯзи пойтахт табрику таҳният гуфта, ба гулдухтарони ғолиб туҳфа ва ифтихорномаҳои роҳбарияти донишгоҳро тақдим намуд.

Шуъбаи табъу нашр

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top