Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Бинанда: 1200 | Санаи нашр: 09 Апрел 2021

Дар факултети иқтисодиёт ва тиҷорати донишгоҳ озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар байни донишҷӯёни курсҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гузаронида шуд, ки дар он намояндаи раёсати донишгоҳ, декани факултет, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар доираи шартҳои озмун донишҷӯён аз ашъори шоирони классику муосир шеърҳо ва аз осори нависандагони шинохтаи тоҷик пораҳои насрӣ қироат намуда, маҳорату малакаи хуб нишон доданд ва аз ҷониби ҳайати комиссия баҳои сазовор гирифтанд.

Ҳамчунин, баъзе иштирокдорони озмун доир ба мазмуну муҳтавои чорабинӣ ва маҳорату малакаи донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.

Дар фароварди ҳамоиш аз ҷониби садорати факултет ба донишҷӯёни фаъол ифтихорномаҳо тақдим гардид.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top