Семинар – машварати ҷумҳуриявӣ

Бинанда: 1078 | Санаи нашр: 08 Апрел 2021

8-уми апрели соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” вобаста ба амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” семинар-машварати ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани саводи иттилоотӣ - коммуникативӣ дар раванди таълим” баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” Киромуддин Назаров ва намояндагони соҳаи технологияи муосир аз макотиби олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Семинарро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, меҳмонон ва аҳли толорро хайрамақдам гуфт ва суханро ба Муҳаммаддовуд Саломиён вогузор намуд.

Мавсуф зимни суханронӣ доир ба аҳамияти бузурги барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, истифодаи самараноки технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таҳсил, баланд бардоштани илму маърифати техникии ҷавонон дар асоси технологияи муосир, беҳтар намудани ҷанбаи омӯзишию таҳсилотии донишҷӯён ва дигар масоили марбути соҳа ибрози андеша намуд.

Дар идомаи семинар директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” Киромиддин Назаров дар мавзӯи “Нақши Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар рушди соҳаи технологияи муосир”, мудири кафедраи системаҳои иттилоотию омӯзиши иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Маҳмадрасул Қурбонов дар мавзӯи “Аҳамияти технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар рушди ҷомеа”, Ҳалима Қаюмова ва Баҳодур Муллоҷонов аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар мавзӯи “Такмили малакаҳои истифодабарии усулҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар раванди таълим”, мудири кафедраи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Исроил Саидов дар мавзӯи “Тадқиқи компютерии амсилаи капитал бо назардошти функсияи Коби-Дуглас”, мудири шуъбаи автоматикунонии раванди таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Нуралӣ Шарифов дар мавзӯи “Технологияҳои иттилоотӣ дар идоракунии раванди таълими муассисаи таҳсилоти олии касбӣ”, Аҳтам Назаров, номзади илмҳои педагогӣ, докторанти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Методи Пулот ҳамчун методи санҷиши объективии дониш” ва Беҳрӯз Бӯриев, муаллими калони кафедраи СИДИ-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Гурӯҳбандии забонҳои барномарезӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи ТИК” маърӯзаҳои пурмазмун намуда, ба саволҳои аҳли толор посух гуфтанд.

Сипас, иштирокдорони семинар ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, маҳорату малакаи касбии худро доир ба тарзи таҳияи барномаҳои хурд ба воситаи забонҳои барномасозӣ нишон доданд.

Дар фарҷоми семинар ба фаъолони чорабинӣ сипосномаҳо супорида шуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top