БА ИМЗО РАСИДАНИ СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ УКРАИНА

Бинанда: 1105 | Санаи нашр: 07 Апрел 2021

1-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи Намоишгоҳ-ярмаркаи «Study in Ukraine» як зумра роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф оварда,  бо ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат вохӯрӣ доир намуданд.

Дар доираи мулоқот ҷонибҳо барои амалӣ намудани самтҳои хуби ҳамкорӣ оид ба таъсис додани ҳамкориҳои илмӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, мубодилаи мутақобилаи иттилоотӣ-илмӣ, таҳқиқотҳои илмӣ, гузаронидани конференсияҳои илмӣ, семинарҳо, иҷрои лоиҳаҳо, таҳияи барномаҳои таълимӣ,  мусоидати ҳамкорӣ дар баланд бардоштани табодули академии  донишҷӯён, докторантура (PhD) бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Сумӣ, Донишгоҳи миллии ғарбии Украина, Донишгоҳи миллии Ужгород, Донишгоҳи миллии баҳри Сиёҳ ба номи Питер Могила, Донишгоҳи Алфред Нобели Украина, Донишгоҳи давлатии иқтисодиёт ва савдои шаҳри Киев, Донишгоҳи давлатии иқтисод ва технологияи Кривожски, Донишгоҳи гумрук ва молияи Украина, Донишгоҳи миллии технология ва тарроҳии Киев, Донишгоҳи давлатии Нижин ба номи Николай Гогол, Донишгоҳи давлатии экологии Одесса ва Академияи байниминтақавии идоракунии кадрҳо созишномаҳои дуҷониба ва ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.  

Лозим ба ёдоварист, ки дар Намоишгоҳ-ярмаркаи «Study in Ukrain» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 80 нафар намояндаи муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина иштирок намуданд.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top