Ҳамкорӣ дар доираи барномаи ЮНЕСКО

Бинанда: 977 | Санаи нашр: 07 Апрел 2021

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо макотиби олии ИДМ, Осиё, Аврупо ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, ҳамкориҳои илмӣ бо Донишгоҳи кооператсия, ҳуқуқ ва иқтисоди шаҳри Белгороди Федератсияи Россия дар доираи барномаи созмони ЮНЕСКО густариш ёфта истодаанд.

Чунончи, 6-уми апрели соли 2021 бо ибтикори кафедраи  ЮНЕСКО дар заминаи Донишгоҳи кооператсия, ҳуқуқ ва иқтисоди шаҳри Белгород, конфронси навбатии онлайнӣ оид ба ҳуқуқи кооперативӣ дар мавзӯи “Эволютсияи қонунгузории корпоративӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ дар Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон”, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон узви кумитаи тадорукоти конфронси мазкур маҳсуб меёбад бо иштироки намояндагони Донишгоҳи кооператсия, иқтисод ва ҳуқуқи шаҳри Белгород, Донишгоҳи кооператсияи матлуботи шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия, Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи шаҳри Гомели Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи иқтисодии кооператсияи матлуботи шаҳри Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи савдои кооперативии Ҷумҳурии Молдова, инчунин намояндагон аз донишгоҳҳои Булғористон, Бразилия, Испания, Юнон, Лаҳистон ва Люксембург баргузор гардид.

Дар кори конфронс намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон андешаҳои хешро доир ба масъалаи зиркгардида баён доштанд.

Дар фарҷоми конфронс аз ҷониби масъулин ба иштирокдорон барои ҳамкории судманд изҳори сипос карда шуд ва таъкид гардид, ки ҳамкориҳои муштарак байни ҷонибҳо дар оянда низ рушду густариш хоҳад ёфт.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top